Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Роҳбари Толибон: “Агар Афғонистон тика-тика шавад ҳам фармонҳоямро тағйир намедиҳам”
Роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки аз сӯи ҷонибдоронаш “Амир-ал-муъминин” хонда мешавад, ба одамони наздики худ гуфтааст, ки агар Афғонистон тика-тика шавад ҳам фармонҳояшро иваз намекунад.
Бархе афроди саршиноси ин гурӯҳ ба маҳдудиятҳои ҷоринамудаи ахири роҳбари Толибон, аз ҷумла қатъи интернет эътироз карда, аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки қарорашро бекор кунад.
Ба гузориши расонаҳо вазири иқтисод, вазири молия ва чанд вазири дигари ин гурӯҳ ба Қандаҳор барои машвара бо раҳбари Толибон рафтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд назари роҳбари гурӯҳ дар мавриди қатъи интернетро тағйир диҳанд.
Сарчашмаҳо аз дафтари роҳбари Толибон дар Қандаҳор гуфтаанд, ки ӯ ҳозир ба бекор кардани қарорҳояш нест ва ба онҳо гуфтааст, ки фармонҳояшро тағйир нахоҳад дод.
Роҳбари Толибон дар фармони нави худ истифодаи интернет дар тамоми қаламрави Афғонистонро манъ кард. Дар шарҳи фармони ӯ гуфта мешавад, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз амалҳои ғайриахлоқӣ гирифта шудааст.
Ин фармони роҳбари Толибон ба вокуниши шадиди ҷомеаи Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Бисёре аз фаъолони ҷомеаи Афғонистон ин иқдомро маҳкум намуданд.
Яке аз дигар маҳдудиятҳои роҳбари Толибон дар минтақаҳои зилзилазада хашми Антонио Гутерришро ба вуҷуд овард. Роҳбарони Толибон кумакрасонии занон ба осебдидагони зилзила дар манотиқи зилзилазадаро манъ кард. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ин иқдоми роҳбари Толибонро “беақлона” тавсиф кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”