Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Амрико дар пайи бозпас гирифтани пойгоҳи низомии Багром аст”
Доналд Трамп, Президенти Амрико эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи бозпас гирифтани пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон аст. Пойгоҳе, ки баъди хуруҷи пурмоҷарои соли 2021-и Амрико ба дасти Толибон афтод.
Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотии муштарак бо Сарвазири Британия Кир Стармер гуфт: “Багром яке аз бузургтарин пойгоҳҳои ҳавоии ҷаҳон аст. Мо онро ба онҳо ройгон додем. Ҳоло дар талошем, онро дубора пас гирем. Толибон ба кумаки мо ниёз доранд ва мо он пойгоҳро мехоҳем. Ин пойгоҳ фақат як соат аз ҷое дур аст, ки Чин силоҳҳои атомии худро месозад”.
Пойгоҳи низомии Багром, ки дар шимоли Кобул воқеъ аст, дар замони ҳузури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар Афғонистон ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди ин, баъд аз тасмими ҳукумати Ҷо Байден дар соли 2021 барои хуруҷи сареъ, пойгоҳ ва ҳазорон воҳид таҷҳизоти низомӣ ба дасти Толибон гузашт.
Доналд Трамп гуфт, ки ҳадаф аз нигоҳ доштани Багром “на Афғонистон, балки наздикӣ ба Чин буд”. Ӯ гуфт: “Ин пойгоҳ дорои яке аз бузургтарин роҳравҳои парвозии оҳанин ва бетонист, ки метавонад ҳавопаймоҳои бузурги борбар ва нақлиётиро қабул кунад”.
Президенти Амрико борҳо аз тарзи хуруҷи низомиён дар давраи Ҷо Байден интиқод намуда, онро “фоҷеавӣ” хондааст. Ӯ иддао дорад, ки ин иқдом на фақат пойгоҳҳо, балки танкҳо, мошинҳои низомӣ ва силоҳҳои Амрикоро низ ба Толибон супорид.
Толибон баръакс иддаои Трампро рад кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт: “Фурудгоҳи Багром таҳти назорати Афғонистон аст, на Чин”.
Ба гуфтаи коршиносон изҳороти Доналд Трамп дар хусуси эҳтимоли бозпас гирифтани Багром метавонад бори дигар танишҳои геополитикиро бо Чин ва ҳампаймонони Ғарбӣ шиддат бахшад. Барои ҷомеаи байналмилалӣ, ки аллакай аз рақобатҳои ду қудрат - Амрико ва Чин нигарон мебошанд, чунин мавқеъгирӣ хатарҳои бештар барои ноустувории иқтисодӣ ва эҳтимоли даргириҳои навро ба миён меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”