Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Идомаи қаҳтӣ ва қатли омм дар Ғазза. Амрико боз қатъномаи оташбаси доимӣ дар Ғаззаро вето кард
Ҳамзамон бо идомаи қаҳтӣ ва қатли омми мардуми Фаластин аз сӯйи Исроил Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 10-уми худ лоиҳаи қатъномаи даҳ кишвари узви ғайридоимиро барои барқарор кардани оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза ба овоздиҳӣ гузошт.
Ин қатънома 14 овози мусбат гирифт, вале бо вето кардани Амрико, ки ҳамеша ҳомии Исроил аст, тасдиқ нашуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Дания пешниҳод шуда буд ва илова ба оташбас хостори озодии ҳамаи асирон ва лағви маҳдудиятҳои башардӯстона буд. Ҳамагӣ 14 кишвар, аз ҷумла Русия, Фаронса, Британия ва Чин онро ҳимоят карданд, вале Амрико бо овози манфии худ онро рад кард.
Ин шашумин бор аст, ки Вашингтон дар ду соли охир бо истифода аз ҳаққи вето роҳро барои қатъномаи оташбас мебандад. Ҳамзамон, созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли IPC расман қаҳтӣ ва густариш ёфтани гуруснагиро дар бахшҳои Ғазза тасдиқ намуданд.
Дар вокуниш Сафири Дания таъкид намуд, ки қатънома бояд паёми рӯшан барои ҳимояи мардуми гурусна ва асирон бошад.
Намояндаи Амрико гуфт, ки қатънома Ҳамосро маҳкум намекунад ва “ҳаққи худдифоъ” –и Исроилро ба расмият намешиносад. Ӯ гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қаҳтиро беэътимод хонд.
Сафири Фаластин вето намудани Амрикоро “дардовар ва шармовар” хонд ва аз марги кӯдакон аз гуруснагӣ, ҳадаф гирифтани рӯзноманигорон ва кӯчондани иҷбории мардуми ғайринизомӣ ёдовар гардид.
Алҷазоир изҳор дошт, ки “таслим намешавад” ва гуфт “Исроил ҳар рӯз мекушад ва ҳич чиз намешавад”.
Британия даъват намуд, ки ҷанг дар Ғазза фавран хотима дода шавад ва кумакҳои башардӯстона ворид шаванд.
Фаронса аз вето изҳори таассуф кард, аммо ҳамзамон хостори розӣ намудани Ҳамос шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”