Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
142 варзишгар аз 18 намуди варзиш Тоҷикистонро дар Бозиҳои ИДМ-2025 муаррифӣ мекунанд
Аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар Озарбойҷон Бозиҳои III кишварҳои ИДМ доир мегардад.
Бинобар иттилои сомонаи varzish.tj дар Бозиҳои ИДМ-2025 Ҷумҳурии Тоҷикистонро 142 варзишгар аз 18 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи мазкур 59 нафар масъулу мураббӣ ва 7 намояндаи ВАО аз кишвари мо иштирок менамоянд.
Варзишгарони тоҷик аз намуди варзишҳои гуногун кишварро муаррифӣ мекунанд, аз ҷумла қаиқронӣ, шамшербозӣ, гимнастика, камонварӣ, бокс, самбо, тирандозӣ, шиноварӣ, ҷудо ва ғайраҳо.
Таъкид мегардад, ки аз намуди ҷудо Мадина Қурбонзода ва Лоиқ Қутбиддинов низ дар қатори дигарон кӯшиш мекунанд, ки парчами кишварро баланд бардоранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ қариб се ҳазор варзишгар аз ҳашт кишвар Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар Бозиҳои ИДМ-2025 дар умум варзишгарон барои 246 медал аз 23 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”