Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
1 доллар. Чаро бақайдгирии “Green Card” пулакӣ мешавад?
Тибқи иттилои дастрас, аз ин ба баъд бақайдгирии “Green Card”-и Амрико пулакӣ мешавад ва арзиши ҳар аризаи пуркардашуда 1 доллари амрикоӣ муқаррар гардидааст.
Гуфта мешавад, ки арзиши муқарраргарда дар хусуси пур кардани аризаи “Green Card” барои пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва санҷишҳои амниятии система буда, шояд ба кам шудани шумораи дархостҳои қалбакӣ мусоидат кунад.
Иттилоъ дода мешавад, ки 16-уми октябр қарори пулакӣ шудани сабтином дар “Green Card” амалӣ шавад, вале то ҳол маълум нест, ки маблағи мазкур, ки бо сомонӣ қариб 10 сомонӣ мешавад, чӣ гуна пардохт мегардад.
Умумам, дар масъалаи мазкур нофаҳмиҳо ва муаммоҳо зиёданд ва интизор меравад, ки давоми чанд рӯзи оянда маълумоти зарурӣ пешниҳод гардад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола моҳҳои октябр-ноябр сабтином дар “Green Card”-и Амрико имконпазир мегардад ва аввали моҳи май бурду бохт санҷида мешавад. Онҳое, ки бурд мекунанд, имкони кору зиндагӣ дар Амрикоро пайдо мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”