Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
"Душанбенақлиётхадамотрасон" гуфт сокинон дар истгоҳи тахрибшуда нақлиётро интизор нашаванд
Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" аз сокинону меҳмонони пойтахт хост, ки дар истгоҳи нақлиётии назди собиқ Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", ки чанде пеш тахриб шуда буд, интизори нақлиёти ҷамъиятӣ нашаванд.
Манбаъ меафзояд, ки иқдоми мазкур бо мақсади кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаи нақлиёт ва ҳамзамон аз байн бурдани тамбашавӣ дар хиёбони Рудакӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд ронандагони нақлиёти истифодаи умум уҳдадоранд, ки дар ҷойи зикршуда таваққуф накарда, танҳо аз истгоҳҳои муайянгардида ба мусофирон хизмат расонанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш истгоҳи нақлиётии назди собиқ Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" тахриб шуда буд, вале мусофирон нақлиёти ҷамъиятиро маҳз аз он ҷо интизор мешуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад