27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
18.09.2025 14:37

Президенти Қазоқистон ба муфтии Тоҷикистон медали ифтихорӣ супорид

Имрӯз, 18-уми сентябр дар шаҳри Остона, дар ҳошияи Иҷлосияи VIII-и Съезди пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба як қатор иштирокчиён мукофтҳои давлатӣ супорид.

Дар миёни барандагони ҷоиза Раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ қарор дошт, ки бо медали ифтихории Съезд барои саҳми назаррас дар рушди муколамаи байнидинӣ ва таҳкими сулҳ қадрдонӣ шуд.

Бар асоси иттилои расонаҳо, Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ҷараёни суханронии худ таъкид кард, ки таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни дину фарҳангҳо барои эҷоди сулҳу субот дар ҷаҳони муосир аҳамияти хоса дорад. Ӯ зарурати ҳамкории наздики ҷомеаҳои динӣ ва фарҳангиро барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз қабили хушунат ва экстремизм таъкид намуд.

Дар навбати худ Президент Қосим-Жомарт Токаев нақши муҳимми пешвоёни динӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаи тағйирёбии иқлимро зикр кард ва пешниҳод намуд, ки созмонҳои динӣ дар боло бурдани огоҳии ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои экология ва рушди устувор саҳми бештар гузоранд.

Қосим –Жомарт Токаев афзуд, ки руҳониён бо нуфузи баланди худ метавонанд нақши калидӣ дар ташаккули маърифати нави экологӣ ва эҳсоси масъулият дар миёни мардум бозанд.

Раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар кори Съезди пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Остона таҳти раёсати Президенти Қазоқистон ифтитоҳ гардид, ширкат намуд. Дар ҳошияи нишаст Раиси уламои Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои мухталиф мулоқот намуд.

Дар иҷлосия беш аз 700 вакил аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони ҳамаи динҳои бузурги ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.