Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар соли 2025 кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беш ба Русия сафар кардаанд
Аз аввали соли 2025 Федератсияи Русия ҳамоно яке аз самтҳои маъмулӣ ва асосии сафари шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.
Тибқи омор, пешсафон аз рӯи шумораи сафарҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин ва Қирғизистон мебошанд.
Ӯзбекистон дар миёни кишварҳое қарор дорад, ки аз ҳама зиёд шаҳрвандонаш ба Русия сафар кардаанд. Бар асоси омор аз моҳи январ то июли соли 2025 беш аз 1, 8 миллион нафар аз Ӯзбекистон ба Русия сафар кардаанд. Тақрибан 70%-и онҳо (1,3 миллион нафар) барои кор ба Русия сафар кардаанд. Ҳамчунин, 291 ҳазор нафар бо корҳои шахсӣ ворид шудаанд ва тақрибан 1,5% Русияро чун макони таҳсил интихоб намудаанд.
Қазоқистон дар қатори дуюм кишварҳое қарор дорад, ки шаҳрвандонаш ба Русия сафар кардаанд. Бар асоси омор 1,5 миллион нафар шаҳрвандони Қазоқистон дар соли ҷорӣ ба Русия сафар кардаанд. Аз ин шумора беш аз 1 миллион шаҳрвандони Қазоқистон барои мулоқот бо наздикон ва корҳои шахсӣ сафар кардаанд. Тақрибан 8% бо ҳадафи кор аз Қазоқистон ба Русия ворид шудаанд.
Тоҷикистон дар қатори сеюмин кишварест, ки шаҳрвандонаш ба Русия сафар кардаанд. Тибқи иттилоъ, аз Тоҷикистон ба Русия 800 ҳазор нафар сафар кардаанд. Аз ин шумора 600 ҳазор нафар бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.
Дар миёни кишварҳои ҳамсояи Русия шаҳрвандони Чин бештар барои сайёҳат ба Русия ворид шудаанд. Ба Русия беш аз 700 ҳазор шаҳрванди Чин ворид шудаанд. Ҷолиб он аст, ки сеяки ин сафарҳо (317 ҳазор) ба сайёҳӣ рост меояд. Сафари тиҷоратӣ тақрибан 20% -ро ташкил медиҳад, сафарҳои корӣ 9,5% ва сафари таҳсилотӣ каме баштар аз 6% -ро ташкил медиҳад.
Дар миёни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон қарор дорад, ки дар соли 2025 ним миллион шаҳрвандаш ба Русия сафар кардаанд. Беш аз 340 нафари онҳо барои кор ва боқимонда барои корҳои шахсӣ ба Русия сафар кардаанд.
Дар миёни кишварҳои дигари хориҷӣ, ки шаҳрвандонашон ба Русия мераванд, Абхазия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларусия ва Муғулистон қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”