Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон барои назорати хориҷиён платформаи рақамӣ месозад
Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки барои назорати ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ платформаи рақамиро таҳия намоянд.
Игор Лепеха, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин хусус хабар дода, ҳадафҳои асосии платформаи рақамиро шарҳ додааст.
Бар асоси платформаи нав аз лаҳзаи ворид шудани хориҷиён ба кишвар ҳамаи раванди ҳузури онҳо ба таври рақамӣ назорат карда мешавад, аз ҷумла ҳаракат дар дохили Қазоқистон. Ин низоми нав имкониятҳои пойгоҳҳои иттилоотии амалкунандаи “Беркут” –ро, ки иттилоот оид ба вурудро сабт мекунанд, густариш хоҳад дод.
Ҳадафи ин ташаббус боло бурдани сатҳи амният, ошкор намудани қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ва назорат бар фаъолияти меҳнатӣ аст. Тафсилоти татбиқ ва муҳлати оғози кори система ҳанӯз эълон нашудааст, вале коршиносон зарурати ҳифзи иттилооти шахсиро таъкид мекунанд.
Қаблан, мақомоти Қазоқистон иттилоъ дода буданд, ки барои захирасозии ягонаи иттилоот платформаи ягона барои муҳоҷирон таъсис дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”