Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Гурӯҳи кории кишварҳои ИДМ масъалаи тайёр кардани кадрҳои тиббиро баррасӣ карданд
Рӯзи 16-уми сентябр дар формати видеоконфронс нишасти гурӯҳи корӣ оид ба таҳлил ва татбиқи таҷрибаи эътироф ва баробаршиносии санадҳои таҳсилотӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Дар ин нишаст намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат намуданд.
Дар нишаст масъалаҳои кадрии соҳаи тандурустӣ, хусусиятҳои барномаи таълимӣ, омодагии баъдидипломӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ баррасӣ шуд. Ширкаткунандагон таъкид намуданд, ки кадрҳои тиббӣ ҷузъи муҳимми захираҳои низоми тандурустӣ ба ҳисоб мераванд. Зикр шуд, ки таъмини соҳа бо мутахассисон ва сифати хизмати тиббӣ аз сатҳи тайёрӣ вобаста аст.
Ҳамзамон бо афзоиши ниёзи соҳаи амалӣ ба табибон ишора шуд, ки он бо рушди фаъол ва ҷорӣ кардани кумаки тиббии баланди технологӣ вобаста мебошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз кишварҳо бо мушкилоти кадрӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла норасоии кормандони тиб, гардиши баланди кадрҳо, тақсими нобаробарии мутахассисон, аз ҷумла аз лиҳози географӣ.
Ҳалли чунин мушкилот муносибати мураккабро талаб мекунад, ки дар он ҳамкории низомии маориф ва тандурустӣ, ҷомеаҳои касбӣ ва худи кормандони тиб нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон таҷрибаҳои худ дар масъалаи тайёрӣ ва бозомӯзии кадрҳои тиббиро мубодила карда, масъалаҳои мушаххасро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қарор шуд, ки охори соли ҷорӣ нишасти дигар доир ба густариши ҳамкориҳо доир гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад