Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ал-Наср” бидуни Роналду "Истиқлол"-ро бо ҳисоби бузург шикаст дод
Бошгоҳҳои "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ ва "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар доираи даври якуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз рақобат карданд.
Азбаски чанд соат қабл аз оғози бозӣ расман тасдиқ шуд, ки футболбози маъруфи портулагӣ ва ҳамлагари "Ан-Наср" ба майдон намебарояд, мухлисони бошгоҳи "Истиқлол" умед бастанд, ки футболбозони тоҷик бидуни Роналду рақобати беҳтар нишон дода метавонанд, вале бозӣ бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид.
Голҳои дастаи "Ан-Наср"-ро Абдурраҳмон Ғариб (дақиқаи 14-ум), Анжело Габриэл (дақиқаи 17-ум), Уэсли Гассова (дақиқаи 59-ум), Кингсли Коман (дақиқаи 88-ум) ва Садио Мане (дақиқаи 90+4-ум) ба дарвозаи “Истиқлол” заданд.
Бояд гуфт, ки дар ҳайати дастаи "Ан-Наср" футбозбозони маъруф ба мисли Кингсли Коман ва Садио Мане аз аввали бозӣ ба майдон набаромаданд.
Бошгоҳи “Истиқлол” пас аз даври якуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бидуни имтиёз дар зинаи охир қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар даври дуюм 1-уми октябр дар Душанбе бо "Гоа"-и Ҳиндустон рақобат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”