Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барои рушди сайёҳӣ. “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе се рӯз давом мекунад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз 18-ум то 20-уми сентябр дар “Dushanbe EXPO Centre” — Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе дуюмин “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе” баргузор мегардад.
Афзуда мешавад, ки намоишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ташкил гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе” иштироки зиёда аз 200 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, кишварҳои хориҷӣ ва боздиди зиёда аз 400 меҳмон аз давлатҳои дуру наздик дар назар аст.
“Мақсад аз баргузории «Dushanbe International Tourism Exhibition» рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳию фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад”, - навиштааст АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти расмӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”