27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
17.09.2025 18:46

Ҳамлаи заминии Исроил бо “чароғи сабз”-и Амрико дар Ғазза шиддат гирифт

Неруҳои мусаллаҳи Исроил бо “чароғи сабз”-и Президенти Амрико Доналд Трамп бо ҳамлҳои ҳавоӣ ва заминӣ амалиёти низомии худро дар минтақаи Навори Ғазза шиддат бахшиданд.

Аз субҳи дирӯз то ба ҳол неруҳои Исроил бо аслиҳаҳои вазнини ҷангӣ амалиёти заминиро оғоз карданд, ки дар пайи ин даҳҳо нафар мардуми ғайринизомии фаластинӣ кушта шудаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо дар ҷараёни ҳамлаи ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва артиллерия минтақаҳои мухталиф дар Навори Ғазза мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Артиши Исроил мактабаи “Ал-Заҳра”, “Шайх Ридвон”, “Урдугоҳи ал-Шоти”, “Тил ал-Ҳава”, кӯчаи “Ал-Соуқ” дар шаҳри Дейр ал-Балаҳ, маҳаллаи “Ал-Сабра” дар минтақаи ал –Мағрибӣ ва чандин нуқтаҳои дигарро мавриди ҳамлаҳои шадид қарор доданд.

Баъди бомбаборони шадид наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои майдони “Ал-Шава” як хонандаи мактабро берун оварданд ва тақрибан 30 нафари дигар ҳанӯз дар зери харобаҳо боқӣ мондаанд. Дар натиҷаи бомбаборон дар маҳаллаи “Ал-Ходрия” дар ҷануби шаҳри Ғазза дастикам ҳашт нафар кушта шудаанд. Аз зери харобаҳои Ал-Амн ал-Омм дар шимоли шаҳр ҷасади 8 қурбонӣ берун оварда шуда, тақрибан 40 эҳтимолан дар зери харобаҳо қарор доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.