Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Вазири иқтисоди Тоҷикистон бо намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор дурнамои рушди иқтисод ва ислоҳотро баррасӣ кард
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин рӯзи 17-уми сентябр бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Ғазӣ Шбайкат мулоқот анҷом дод. Дар ин дидор, ки дар Душанбе баргузор шуд, ҷонибҳо дурнамои рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои ислоҳотиро баррасӣ карданд.
Вазири иқтисод ҳамтои худро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифа табрик карда, барояш дар фаъолият муваффақият орзу кард. Завқизода таъкид кард, ки бо татбиқи пайдарпайи дастуру ҳидоятҳои стратегии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои ҳукумат, иқтисоди миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ рушди устуворро нишон медиҳад.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, танҳо аз январ то августи соли 2025 рушди иқтисоди кишвар таъмин гардида, ин натиҷа аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар ва амалӣ шудани барномаҳои афзалиятнок маншаъ мегирад.
Миёнаи суръати рушди ММД дар панҷ соли охир зиёда аз 8% ва ҳаҷми номиналии ММД соли 2025 ба 173,4 миллиард сомонӣ мерасад, ки қариб ду баробар аз соли 2020 зиёд аст. Ҳукумат барои солҳои 2026–2028 суръати рушди иқтисодро мутаносибан 8,5%, 8,3% ва 8,6% пешбинӣ кардааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, омодагии худро ба густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуда, масоили рушди соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ, такмили низоми банақшагирӣ, расмӣ кардани бахши ғайрирасмӣ ва татбиқи ислоҳоти сохториро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”