27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
25 сомонӣ дар як моҳ. Филмҳои “Довфилм” дар “Оила ТВ” дастрас мегарданд
Тавре ки хадамоти матбуоти киностудияи “Довфилм” хабар медиҳад, аз ин ба баъд алоқамандони синамо филмҳои истеҳсолнамудаи студияи мазкурро платформаи “Оила ТВ” тамошо карда метавонанд.
Гуфта мешавад, ки киностудияи “Довфилм” бо ширкати “Оила ТВ” шартномаи ҳамкорӣ баста, тавассути обунаи пулакӣ, яъне 25 сомонӣ дар як моҳ ба тамошобинони ин платформа имкони дидани ҳамаи филмҳои студияи мазкурро медиҳад.
“Ҳамкории стратегии киностудияи “Довфилм” ва ширкати “Оила ТВ” на танҳо дар платформаи онлайнии худ намоиш додани филмҳои “Довфилм” балки дар самти истеҳсоли филмҳои нави ҳунарӣ, аз ҷумла силсилафилмҳо сармоягузорӣ кардан аст. Чунин ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки бозори филмсозиву муҳити синамоӣ гарм шуда, дар саҳифаҳои шабакаи интернет филмҳои сифатан нави ҳирфавии миллӣ намоиш дода шавад”, - омадааст дар резаахбори “Довфилм”.
Иттилоъ дода мешавад, ки киностудияи “Довфилм” 5-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иқдоми коргардон-таҳиягар Муҳиддини Музаффар ва тими ташаббускорон таъсис ёфта, то имрӯз филмҳои ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, “Блогер”, “Ҷосус” ва филмҳои мустанади “Синамоҷоизаи дуюми миллии Тоҷи Сомон” , “Роҳ”, “Чеҳраҳои Роғун”-ро таҳия намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”