27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
17.09.2025 09:09

Шурои Иттиҳоди Аврупо нақшаи тадриҷии лағви барномаи қабули паноҳандагони украиниро тасдиқ кард

Шурои Иттиҳоди Аврупо нақшаи тадриҷии лағви барномаи қабули паноҳандагони украиниро қабул кард. Бар асоси ин нақша, баъди бозгашти субот дар Украина марҳила ба марҳила нақшаи лағви қабули паноҳандагон қабул карда хоҳад шуд. Нақша фарогири огоҳ кардани шаҳрвандон ва мубодилаи иттилоот дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро дар бар мегирад.

Вазири муҳоҷирати Дания Кааре Дибвад Бек изҳор дошт, ки ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо бо Украина ҳифз мешавд. Ӯ афзуд, муҳим аст, ки барои бозгашти украиниҳо ба ватан омодагӣ гирифта шавад ва ин кор тадриҷан сурат хоҳад гирифт, то мардум битавонанд ба осонӣ ба хонаҳояшон баргашта, дар ҷомеаҳои худ маскун шаванд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони Украина иҷозатномаи миллии иқомат барои кор, таҳсил ё оила медиҳанд ва ҳамчунин, имкони пешниҳоди дархост барои мақомҳои дигар, аз ҷумла барои шуғлҳои баландихтисосро фароҳам месозанд. Истифодаи ҳамзамони ин мақомҳо бо ҳимояи муваққатӣ имконпазир мебошад.

Барои ҳимоят аз раванди бозгашт сафарҳои шиносоӣ ва барномаҳои бозгашти ихтиёрӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар доираи онҳо ҳуқуқҳои ҳимояи муваққатӣ, ба мисли дастрасӣ ба манзил, ёрии тиббӣ ва таҳсил ҳифз мешавад.

Шаҳрвандони Украина оид ба тағйири мақоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва ёрӣ дар вақти бозгашт иттилоъ мегиранд. Барои ин системаҳои иттилоотӣ ва Unity Hubs - маркази дастгирӣ, ки дар корҳои ҳуҷҷатгузорӣ кумак карда, оид ба шуғл ҳам дар Украина ва ҳам дар кишвари иқомат маслиҳатҳо медиҳанд, истифода мешаванд.

Аз моҳи марти соли 2022 Иттиҳоди Аврупо беш аз 4 миллион шаҳрванди Украинаро пазируфт. Онҳое, ки бинобар идомаи ҷанг наметавонанд баргарданд, то 4 марти соли 2027 зери ҳимояи муваққатӣ иқомат хоҳанд дошт. Системаи ҳимояи муваққатӣ сарбории хадамоти миллиро осон мекунад, зеро он аз муроҷиати инфиродӣ барои паноҳандагӣ бениёз мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.