27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
17.09.2025 06:38

Бо фармони роҳбари Толибон интернет дар Афғонистон қатъ шуд

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон дар фармони наваш дастур додааст, ки бо мақсади “пешгирӣ аз мункарот” дастрасии мардум ба интернет дар саросари Афғонистон қатъ карда шавад. Иҷрои ин фармон аз рӯзи душанбе, 15-уми сентябр аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх оғоз шуда ва қарор аст дар дигар шаҳрҳо низ амалӣ шавад.

Ҳоҷӣ Зайд, сухангӯи ҳукумати Толибон дар Балх гуфт, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои зарурӣ “роҳи алтернативӣ дар дохили кишвар” таъсис дода мешавад.

Қатъ намудани интернети нахи оптикӣ таъсири ҷиддӣ ба кори ниҳодҳои давлатӣ ва бахшҳои тиҷоратӣ хоҳад дошт. Ширкатҳои хизматрасони интернет ва муассисаҳои таълимӣ аз ҳоло бо нигаронӣ ба муштариён иттилоъ медиҳанд ва садҳо ҳазор корбарон, аз ҷумла духтарону заноне, ки ба таҳсилу кор дар фазои маҷозӣ рӯ оварда буданд, бо маҳрумият рӯ ба рӯ шудаанд.

Юсуф Вазоф, раиси Толибон дар вилояти Балх ва яке аз чеҳраҳои пурқудрат ва наздик ба Охундзода нахустин касест, ки амри манъи истифодаи интернети нахи оптикӣ дар вилояташро амалӣ намудааст. Аммо Вазири алоқа ва технологияҳои Толибон бо ин фармон розӣ набуда, бо сабаби мухолифатҳои дохилӣ ҳанӯз дар саросари кишвар онро иҷро накардааст.

Фармони ҷадиди роҳбари Толибон мухолифатҳои зиёдеро ҳатто дар сафи кормандони ин гурӯҳ ба вуҷуд овардааст. Бар асоси иттилоъ, 6 вазири ин гурӯҳ барои музокира ва қонеъ кардани роҳбари Толибон ба Қандаҳор рафтаанд. Вазирон мехоҳанд, роҳбари Толибонро водор кунанд, ки аз ин тасмим сарфи назар кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.