Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори Crowne Plaza Dushanbe
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”(Crowne Plaza Dushanbe) -ро бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди истифода қарор доданд. Ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад.
Дар расми кушодашавии меҳмонхона, ки шоми имрӯз, 16 сентябри соли 2025 баргузор гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ширкат доштанд.
4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад.
Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад.
Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”