27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
16.09.2025 12:12

Тоҷикистон: Дар ҳодисаҳои нақлиётӣ панҷ нафар фавтидаанд

Дар паи ҳодисаҳои нақлиётӣ дар кишвар панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар миёни онҳо ноболиғ низ ҳастанд.

Дар ин бора вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.


Тавре дар хабар омадааст, ҳодисаҳои маргбор аз ҷониби ронандаҳо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  сурат гирифтааст. Давлатов Фирдавс ронандаи автомашинаи электронии тамғаи «DJNGFEYG AEJLUS L7» сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи «ТАЙОТА СВИШ», таҳти идораи ронанда Неъматов Хуршед сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина Саидова Садаф ва Закияи Меҳроби хурдсол бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнинӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.


Сабаби дигари ҳодисаи маргбор ин рондани ноболиғ Эшпулатов Ҳабибулло мебошад, ки дучархаи барқии “Скутер”-ро дар ҳудуди деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, аз уҳдаи идораи дучархаи барқӣ набаромада, ба қисми пушти воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “ХОВО”, таҳти идораи ронанда Давлатов Ойбек сокини ноҳияи Ёвон бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Абдуқодир Султонов ронандаи дигарест, ки аз беэҳтиётӣ ба садама дучор гаридада, натиҷаи он ба марг анҷом ёфтааст. Дар хабар омадааст, ки ронанда Абдуқодир Султонов соли таваллудаш 2005 сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, скутеррони ноболиғ Бердиёров Зуҳал Атҳамович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст. Дар натиҷа, скутеррони ноболиғ Бердиёров З.А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Давлатов Бахтиёр сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳангоми расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лаҳури ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо қисмати паҳлуи тарафи рости автомашина ба автомобили тамғаи «Хундай Аванте», ки таҳти идораи ронанда Хушвахтов Ҳоҷишерхон Хушвахтович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар роҳи худаш ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи “Тайота Приус”, Идрисов Яҳё Аюбхонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомобили тамғаи “Тайота Приус” Давлатов Б.С. ва мусофирони дигараш Ёрзода Зафар Идибек, соли таваллудаш 1995, Соҳибзода Муҳаммад Маҳмадали, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Вобаста ба ҳодисаҳои рухдодаи се шабонарӯзи гузашта таҳқиқот идома дорад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.