Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Мушкил, аммо дуруст буд”. Конор Макгрегор сабаби дасткашӣ аз иштирок дар интихоботро гуфт
Варзишгари муҳорибаҳои омехта, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор аз иштирок дар интихоботи президентӣ даст кашид.
“Бо аҳли оилаам машварат кардам ва ба хулосае омадам, ки аз иштирок дар интихоботи президентӣ номзадиамро мегирам. Ин қарор мушкил, аммо дар ҳоли ҳозир кори дуруст аст”, - навиштааст дар шабакаи иҷтимоии X.
Ин дар ҳолест, ки размкори ирландӣ чанде пеш хабар дода буд, ки барои иштирок дар интихоботи президентӣ овозҳои даркориро ҷамъ овардааст.
Илова бар ин, сарватмандтарин одами дунё Илон Маск чанде пеш гуфта буд, ки омодааст дар интихоботи президентӣ ба Конор Макгрегор ёрӣ расонад.
Интихоботи президентӣ дар Ирландия моҳи ноябри соли равон доир мегардад. Аз соли 2011 инҷониб президенти ин кишвар Майкл Хиггинс мебошад, ки ҳоло 83-сола аст.
Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор то ҳол рамзкори ташкилоти UFC ба ҳисоб рафта, тибқи хабарҳои расмӣ соли оянда дар мусобиқае, ки дар назди Қасри Сафед ташкил мегардад, ба майдон мебарояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”