Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳалокати ду нафар дар садамаи лӯлаи об
Дар як садамаи лӯлаи об дар шаҳри Душанбе ду нафар кормандони Корхонаи воҳиди давлатии обу корези шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Гуфта шудааст, ки ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр соати тахминан 12:22 дақиқа рух додааст. Садама дар системаи лӯлаи оби ошомиданӣ дар кӯчаи Айнӣ 126, гардиши маҳаллаи Мирзобек рух додааст. Ин ду нафар ба хотири рафъи мушкили пешомада ба ҷоҳ дохил шудаву аз он берун наёмаданд.
Яке аз ҳалокшудагон як сокини 58-солаи маҳаллаи Оқтоқи ноҳия Рӯдакӣ ва дуюмӣ сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, 30 сол доштааст.
Ҷасади ҳалокшудагонро барои ташхиси сабаби марги онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба хонаводаи ҳалокшудагон аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ҳангоми вуруд ба чоҳҳои об қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”