27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:13, Душанбе
16.09.2025 10:22

Этнографи рус: “Толибон маро ба хотири доштани акси Аҳмадшоҳ Масъуд боздошт намуданд”

Этнографи рус Святослав Каверин дар суҳбат бо рӯзномаи “Газета.Ру” гуфтааст, дар сафар ба Афғонистон ғайричашмдошт аз сӯи Толибон боздошт шуд. Ӯ мегӯяд, ки Толибон ба хотири ин ки ҳамроҳаш акси Аҳмадшоҳ Масъуд буд, боздошт  кардаанд.

Святослав Каверин гуфта, ки аксҳои қаҳрамони Афғонистон ва муборизи зидди Толибон Аҳмадшоҳ Масъудро солҳо қабл дар яке аз фурӯшгоҳҳои Кобул харида буд. Ба таъкиди ӯ, дар рӯзи охири ҳузураш дар Афғонистон кормандони амнияти Толибон дар вақти кофтукови ашёи ӯ ин тасвирҳоро ёфтанд ва чанд иттиҳом бар зиддаш эълон намуданд. Ба гуфтаи ӯ, Толибон ӯро ба қочоқи ашёи қиммат, омӯзиши забони форсӣ, узвият ба гурӯҳи ДОИШ, доштани акси Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҷосусӣ боздошт карданд.

Ӯ ин иттиҳоми Толибонро беасос ва сохта номид.

Этнограф ва пажӯҳишгари рус гуфт Толибон қаблан бо сабаби сафарҳои зиёди ӯ ба Афғонистон нисбаташ парванда боз карда буданд, вале ҳуҷҷатҳои кофӣ барои боздошти расмӣ надоштанд. Ӯ ин ҳодисаро натиҷаи “қарори худсаронаи кормандони маҳаллии Толибон” донист.

Этнографи рус, ки барои ҷамъоварии маводҳои илмӣ оид ба фарҳанги Афғонистон ба ин кишвар рафта буд, моҳи июли соли 2025 боздошт ва наздик ба як моҳ аз сарнавишташ иттилое дар даст набуд. Ӯ ҳафтаи гузашта ба Русия баргашт. Мақомоти Русия озодии ӯро натиҷаи робитаҳои хуб бо Толибон арзёбӣ намуданд.

“Ҳама ашёи қимматбаҳоям дар зиндони Толибон гум шуданд” – гуфт мардумшиноси рус.

Ин мардумшиноси рус, ки 52 рӯз дар асорати Толибон қарор дошт, дар мусоҳибаи тозааш гуфт, ки ҳама ашёи қимматбаҳояш дар зиндон нопадид шудаанд.

“Бо вуҷуди ваъдаи Толибон, ки ҳатто сӯзан ҳам зоеъ намешавад, тамоми ашёям, ҳатто сӯзанбозкунаки телефони ҳамроҳам гум шуд”- гуфт мардумшиноси рус.

Ба гуфтаи ӯ, ду ҷомадонаш бо ашёи қимматбаҳо ба арзиши 300 доллар ва туҳфаҳо барои дӯстонаш нопадид шудаанд: “Повербанк, зарядники ноутбук, диск ва корти хотираҳо ҳама аз миён рафтанд”.

Ӯ лаҳзаи боздошташро чунин шарҳ дод: “Дар дарвозаи шаҳр будам, ки як корманди амният аз хадамоти иктишофӣ, аз ман шиноснома пурсид. Ба ӯ гуфтам, ки шиноснома надорам ва фақат паспорт дорам. Паспортро нишон додам, ӯ онро дид, баъдан телефони ҳамроҳи маро гирифта гуфт, ки панҷ дақиқа вақт мегирад. Сипас, дар ҷараёни кофтукови сахт иттиҳомҳои беасос бар зиддам эълон шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.