Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Хоруғ Лигаи футзал ифтитоҳ шуд
15-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Хоруғ маросими тантанавии ифтитоҳи Лигаи футзали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд. Дар ин хусус дафтари матбуоти вилоят хабар додааст.
Мусобиқа бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ташкил шудааст.
Дар чемпионат 14 даста ширкат мекунанд. Ҳадафи асосии он рушди футзал дар минтақа, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим арзёбӣ мешавад.
Дар маросими ифтитоҳ раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Александр Ҷалилов суханронӣ карданд. Ба гуфтаи роҳбарияти вилоят рушди соҳаи варзиш дар минтақа вазифаи муҳим ва афзалиятнок буда, зери дастгирии ҳамешагии мақомоти маҳаллӣ қарор хоҳад дошт.
Ташкилкунандагон таъкид карданд, ки доир шудани чунин мусобиқаҳо дар Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят қадами муҳим дар роҳи рушди футбол ва фароҳам сохтани имкониятҳои бештар барои ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”