27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
16.09.2025 09:00

Амири Қатар ҳамлаи Исроилро “буздилона” номид

Нишасти изтирории сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа баргузор шуд. Дар суханронии ифтитоҳии худ Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳамлаи Исроил ба Давҳаро “амали террористии буздилона” номида, гуфт, ки ин ҳамла на фақат шаҳрвандони Қатар, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ такон хоҳад дод.

Амири Қатар гуфт, ҳадафи ҳамла манзиле буд, ки намояндагони Ҳамос ва ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ дар он иқомат доштанд. Ӯ қайд кард, ки дар лаҳзаи ҳамла, роҳбарияти Ҳамос пешниҳоди Амрикоро баррасӣ мекард, ки ба воситаи Қатару Миср ба онҳо расонида шуда буд. Ба гуфтаи ӯ “исроилиҳо бо ҳамзамон ҳамла ва музокира мехоҳанд равандҳои сулҳро ноком созанд”.

Дар баробари Қатар кишварҳои дигари арабӣ ва исломӣ низ бо забони шадид ба ин ҳамла вокуниш намуданд. Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо аз Шурои амнияти СММ даъват кард, ки Исроилро барои ин амалҳо ба ҷавобгарӣ кашад.

Подшоҳи Урдун Абдуллоҳ гуфт, амнияти Қатар амнияти онҳо низ аст ва ӯ аз зарурати чораҳои амалӣ барои манъ намудани кучи иҷбории фаластиниҳо ва қатъи ҷанг дар Ғазза ҳарф зад. Сарвазири Ироқ пешниҳод кард, ки ҳар гуна ҳамла ба яке аз кишварҳои исломӣ таҳдид ба тамоми ҷаҳони арабу ислом шумурда шавад.

Маҳмуд Аббос, раиси идораи худгардони Фаластин аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳамлаҳо иқдомҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифта шавад. Президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ гуфт, ки “рафтори худсаронаи Исроил суботи минтақаро ба хатар меандозад ва аз шинохти фаврии кишварҳои Фаластин ба ҳайси роҳи ягонаи дукишварӣ ҳимоят кард.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ҳамла ба Қатар нишон медиҳад, ки Исроил ҳатто ба кишварҳои миёнрав ҳамла мекунад. Ӯ ҳушдор дод, ки “нияти Нетаняҳу идомаи қатли омм ва таҳрики бесуботии минтақа аст”.

Президенти Лубнон Жозеф Ун низ таъкид кард, ки “ҳадафи аслии ин ҳамла аз миён бурдани миёнравон ва усули гуфтушунид аст”  ва таъкид кард, ки зарур аст ҳама дар Маҷмааи Умумии СММ муттаҳидона ҳарф зананд.

Нишасти изтирории кишварҳои исломӣ дар Қатар фурсати муносиб барои ҳамовозӣ бар зидди Исроил ва гирифтани тасмимҳои воҳид аст. Бархе кишварҳо, аз ҷумла Миср ва Урдун пешниҳод намуданд, ки артиши ягонаи исломӣ шабеҳи НАТО ташкил карда шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.