Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Раиси парлумони Қирғизистон ба Душанбе омад
Раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбек бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар майдони ҳавоии Душанбе меҳмони олимақомро муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар, ҳамчунин, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни сафари расмӣ анҷоми мулоқот ва музокироти расмӣ бо роҳбарияти олии Тоҷикистон дар назар аст. Доир шудани мулоқот ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи парлумонӣ, байнидавлатӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодиву фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба ташаббусҳои муштарак дар соҳаи инфрасохтор, тиҷорат ва мубодилаи таҷриба миёни мақомоти қонунгузори ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”