Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафир кумакҳои Тоҷикистонро ба масъули Толибон дар Нангарҳор таҳвил дод
Нахустин бастаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зилзилазадагони шарқи Афғонистон ба вилояти Нангарҳор расид.
Бино ба иттилои “Афғонистон интернешнл” ин бастаҳои се ҳазор тонӣ, ки шомили маводи хӯрокӣ ва ғайрихӯрокӣ аст, бо 9 камаз ба шаҳри Ҷалолобод интиқол ёфтааст. Масъулони Толибон мегӯянд, ки 110 камази дигар кумакҳои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба Афғонистон аст.
Дафтари раиси вилояти Нангарҳор рӯзи якшанбе, 14-уми сентябр иттилоъ дод, ки кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба воситаи Саид Шарифӣ, сафири ин кишвар дар Афғонистон ба Азизуллоҳ Мустафо, муовини раиси вилояти мазкур супурда шуд.
Тибқи иттилоъ, кумакҳои Тоҷикистон шомили 120 камаз аст, ки то ҳоло 9 камази он ба шаҳри Ҷалолобод расидааст. Кумакҳои Тоҷикистон аз семент, арматура, тахта, хайма, биринҷ, шакар, рӯған, қаймоқ, макарон ва дигар маводи аввалия иборат аст.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саид Шарифӣ гуфт, ки Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи худ ба мардуми зарардидаи Афғонистонро идома медиҳад. Ӯ изҳори ҳамдардии Президенти Тоҷикистонро ба мардуми зарардидаи Афғонистон расонидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”