Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Табибони бидуни марз: Ғазза шоҳиди наслкушии як миллат аст
Дар пайи оғоз шудани амалиёти заминии артиши Исроил Созмони байналмилалии табибони бидуни марз ҳушдор дод, ки рӯйдодҳои хунини Навори Ғазза “наслкушии як миллат” буда, як миллион фаластинӣ дар шаҳри Ғазза қодир ба тарки он нестанд ва дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд.
Ба таъкиди ин созмон беш аз як миллион сокини Навори Ғазза баъди қарори режими Исроил дар хусуси тарк кардани маҷбурии ин минтақа дар тарс ва изтироб зиндагӣ мекунанд.
Ин созмон дар гузориши худ таъкид мекунад, ки фирор барои пиронсолон, беморони вазнин, занони ҳомила ва захмиён бисёр душвору ғайримумкин аст ва онҳое, ки дар Навори Ғазза ба сар мебаранд, маҳкум ба марг мебошанд.
Дар баёнияи созмон зикр мешавад, онҳое, ки талоши фирор мекунанд, бо ҳамлаҳои ваҳшиёнаи мушакӣ ва ҳавоӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва амният надоранд. Тибқи гузориши ин созмон дар марказ ва ҷануби Навори Ғазза низ ҳич гуна воситаҳои зиндагӣ дар ихтиёри онон нест.
Табибони бидуни марз афзуданд, рӯйдодҳои Навори Ғазза фақат як фоҷеаи башардӯстона набуда, балки наслкушии комили як миллат ба шумор меравад.
Ин созмон мизони талафоти инсонӣ дар Навори Ғаззаро хеле боло арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки режими Исроил аз аслиҳаи бисёр пурқувват истифода карда, ният дорад дар саросари минтақа ҷангро густариш диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”