Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон мегӯяд, ки чархболҳоро ба гурӯҳи Толибон намедиҳад
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи супоридани чархболҳои артиши пешини Афғонистон ба гурӯҳи Толибонро рад кард.
Чанде қабл расонаҳо хабар дода буданд, ки Ӯзбекистон эҳтимолан чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистонро ба гурӯҳи Толибон вогузор мекунад. Дар пайи ин хабарҳо Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфт, ки “ин гузоришҳо ҳақиқат надоранд ва мавқеи Ӯзбекистон тағйир наёфтааст”.
Дар рӯзҳои охир хабарҳое нашр шуданд, ки гӯё Ӯзбекистон ният дорад чархболҳои артиши пешинро ба наздикӣ ба гурӯҳи Толибон супорад. Ин чархболҳо дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо роҳбарии Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интиқол ёфта буданд.
Қаблан бархе расонаҳо, аз ҷумла “Афғонистон интернешнл” аз қавли сухангӯи гурӯҳи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид навиштанд, ки Ӯзбекистон ба боз гардондани чархболҳо розӣ шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи панҷшанбе гузоришҳо дар мавриди супоридани чархболҳо ба гурӯҳи Толибонро “сохта” ва “бофта” номида, афзуд, ки мавқеи ин кишвар дигар нашудааст.
Қаблан Исматулло Иргашев, намояндаи Ӯзбекистон барои Афғонистон гуфта буд, ки ин воситаҳои низомӣ “моли Амрико” мебошанд ва бо ризояти Вашингтон дар Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ дар нишасте бо ҳузури дипломатҳои хориҷӣ дар Кобул бори дигар аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон талаб кард, ки чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистонро баргардонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”