Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар таркиш дар Қазоқистон се шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтанд
Дар натиҷаи як таркиш, ки дар нуқтаи қабул ва истеҳсоли оҳан дар Қазоқистон рӯй дод, се шаҳрванди Ӯзбекистон кушта шуд.
Фоҷеа дар деҳаи Байсерке, дар ҳудуди нуқтаи қабули оҳан ба амал омад. Бар асоси иттилои расмӣ дар вақти қабул намудани оҳан як ашёи ношинос таркид. Соҳиби нуқтаи қабули оҳан гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд дар миёни оҳанпораҳо мина қарор доштааст.
“Дар паси нуқтаамон як корхона ҷойгир аст. Он ҷоро як ширкати чинӣ ба иҷора гирифтааст. Гӯё замоне, бо нархи арзон харидорӣ кардаанд. Худашон ҳам намедонанд. Ба эҳтимол миёни ин ашё партовҳои оҳани вобаста ба Вазорати дифоъ будааст. Аммо дар миёни онҳо минаҳои тарканда ҳам боқӣ мондаанд. Ҳама сохторҳои қудратӣ омодаанд ва ҳоло санҷиш бурда истодаанд”- мегӯяд соҳиби корхона.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса криминалистҳо ва намояндагони Вазорати дифоъ фаъолият доранд. Сабаб ва ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ба ҳудуди минтақа ворид шудани шахсони дигар иҷоза дода намешавад. Шахсияти ҳалокшудагон мушаххас шудааст.
Вобаста ба ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда боз кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”