Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Имсол нишасти СММ дар шаҳри Женева баргузор мешавад
Нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳар сол дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мешуд, имсол бо қарор Маҷмаи умумии ин ниҳод дар шаҳри Женеваи Шветсария доир мегардад.
Рӯзи 8-уми сентябри соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро, 154 раъйи мусбат ва ду орои мухолиф (Амрико ва Исроил) тасмим гирифт, ки нишаст хориҷ аз шаҳри Ню-Йорк дар шаҳри Женеваи Шветсария баргузор гардад.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баъди он чунин тасмим гирифт, ки Амрико аз додани виза ба Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос ва ҳайати фаластинӣ худдорӣ намуд.
Намояндагони аксари кишварҳо аз ин тасмими Созмони Милали Муттаҳид истиқбол намуда, гуфтаанд, ки чунин қарор нишондиҳандаи ҳифзи бетарафӣ ва дастрасии ин ниҳод ба ҳамаи аъзои Созмон аст.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаблан эълон намуда буд, ки бо далелҳои амниятӣ ва нигаронӣ аз ҳимояти фаластиниҳо аз терроризм, аз додани виза ба фаластиниҳо худдорӣ намудааст.
Ба ҳайати фаластиниҳо надодани виза боиси вокуниши манфии бисёре аз кишваҳои аъзои созмон шуд. Кишварҳо ин иқдоми Амрикоро мухолифи принсипҳои бетарафӣ ва дастрасии дипломатҳо ба ҳаққи ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ тавсиф намуданд.
Қаблан низ Амрико маҳдудиятҳоеро барои дипломатҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид содир намуда буд. Амрико дар солҳои мухталиф монеаҳои ҷиддиеро барои дипломатҳои эронӣ эҷод карда буд.
Рӯйкарди таҳримии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боиси он гаштааст, ки бархе кишварҳо дархости тағйири қароргоҳи СММ ба як кишвари бетарафро матраҳ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”