Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон эҳтимол аст иҷозати сафар бе шиносномаи хориҷӣ ба Русия дода шавад
Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби нави сафар ба кишварҳои ҳамдигарро баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ вориди хоки якдигар шаванд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов дар ин хусус хабар дода, афзудааст, ки раванди музокирот идома дорад ва қарор аст ин навоварӣ ҳам нисбат ба шаҳрвандони Русия ва ҳам Ӯзбекистон татбиқ шавад.
“Ҳоло гуфтушунид дар ҷараён аст ва ҳамаи тартиботи дохилидавлатӣ гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, гуфтан дар бораи муҳлатҳои дақиқи иҷро ҳанӯз барвақт аст” – гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, қаблан дар моҳи майи соли 2025 хабар дода шуд, ки Тошканд мехоҳад барои шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон иҷоза диҳад, ки то 30 рӯз бо шиносномаи дохилӣ ё ID ба кишвар ворид шаванд. Барои кӯдакон бошад «kinder passport» пешбинӣ шудааст.
Ин тадбир дар доираи фармони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 15-уми майи соли ҷорӣ қабул шудааст, ки мақсадаш афзоиши назарраси ҷараёни сайёҳон ба кишвар аст.
Ҳоло миёни Ӯзбекистон ва Русия низоми бидуни раводид амал мекунад, вале шаҳрвандони Русия барои ворид шудан ба Ӯзбекистон бояд ҳатман шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Ҳамчунин, шаҳрвандони Русия, ки беш аз 15 рӯз дар Ӯзбекистон истиқомат мекунанд, бояд на камтар аз 15 рӯз аз қайди идораҳои дахлдор гузаранд.
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ҳамин гуна қоида амал мекунад. Онҳо дар вақти сафар ба Русия бояд бо шиносномаи хориҷӣ ворид шаванд ва дар давоми 7 рӯзи корӣ, баъд аз гузаштан аз марз дар шуъбаҳои минтақавии Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия сабти ном шаванд.
Аз 30-уми июни соли 2025 ҳамаи хориҷиёне, ки тибқи низоми бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, вазифадор мебошанд, ки пешакӣ ба воситаи барномаи мобилии «Gosuslugi RuID» сабти ном кунанд ва QR-код гиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”