27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
13.09.2025 16:44

СММ мегӯяд Шӯрои амният дар бораи механизми “пасгашт”-и таҳримҳои Эрон қарор қабул хоҳад кард

Стефан Дюҷаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Шурои амнияти Созмони Милал дар бораи механизми “пасгашт” (маъруф ба “механизми моша”) қарор қабул хоҳад кард.

Ӯ рӯзи ҷумъа, ба вақти маҳаллӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз созишномаи ахири Эрон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ истиқбол мекунад.

Дар вокуниш ба суоли хабарнигорон дар хусуси он ки бо вуҷуди созиши ибтидоии Эрон ва МАГАТЭ дар бораи назорат ва дастрасӣ ба муассисаҳои атомии Эрон се кишвари аврупоӣ иқдом ба фаъол кардани механизми пасгашт кардаанд, оё ин раванд идома хоҳад кард. Дар посух сухангӯи СММ гуфт, ки “Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид узви БАРҶОМ (Барномаи иқдоми ҷомеаи муштарак) нест, вале паёми ӯ рӯшан аст: ҷонибҳо бояд аз ин фурсат барои дипломатия истифода кунанд”.

“Бо вуҷуди истиқболи Дабири кулл аз созиши ахир қарор дар бораи механизми моша бар зиммаи Шурои амнияти СММ хоҳад буд”- гуфт сухангӯи СММ.

Ҳамкориҳои Эрон ва МАГАТЭ баъди ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон қатъ шуда буд. Маҷлиси Шурои исломии Эрон низ қонунеро тасвиб намуд, ки бар асоси он то замони иҷрои шартҳои мушаххасшуда дар матн, ҳамкорӣ бо агентӣ бояд боздошта шавад. Баъди ин музокироти ду тараф барои аз сар гирифтани ҳамкориҳо оғоз шуд ва ниҳоят 18-уми шаҳривар Эрон ва МАГАТЭ ба созиши нав расиданд.

Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди имзои созишнома дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, “қадамҳои амалие, ки барои иҷрои назоратҳо пешбинӣ шудаанд, комилан бо қонуни Маҷлиси Шуро мутобиқанд, ба нигарониҳои Эрон посух медиҳанд ва чорчӯби идомаи ҳамкориро таъмин месозанд. Ин созиш ҳам ҳуқуқи қонунии моро ҳифз мекунад ва ҳам ҳамкорӣ бо агентиро дар чорчӯби мушаххас нигоҳ медорад”.

Се кишвари аврупоӣ – Британия, Олмон, Фаронса расман механизми пасгаштро фаъол намуданд, ки муҳлати 30 – рӯза барои боз гардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳидро пешбинӣ мекунад. Тибқи қоида агар дар давоми 10 рӯз кишваре пешнависи қатъномаро пешниҳод накунад, масъулияти пешниҳод бар дӯши раиси Шурои амният хоҳад буд.

Кореяи Ҷанубӣ, ки раёсати давраии Шурои амниятро дар моҳи сентябри соли 2025 бар уҳда дорад, рӯзи душанбе пешнависи қатъномаро ироа намуд, ки замони раъйгирӣ то ҳол мушаххас нашудааст.

Дар муқобил Русия ва Чин низ пешнависи қатъномаи алтернативиро пешниҳод кардаанд. Дмитрий Поляский, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки “пешнависи Русия ва Чин ҳадафаш тамдиди техникии муқаррароти қатъномаи 2231 ва фароҳамсозии фазои бештар барои дипломатия ва ҳалли мусолиматомези масъала мебошад”.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.