Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафири Чин дар Душанбе мегӯяд, кишвараш ҳадаф дорад роҳи ҳалли чинӣ барои таҳкими низоми идоракунии ҷаҳониро ироа кунад
Го Жиҷун, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри матлабе бар хабаргузории “Авасто” навишт, ки имсол ҷаҳон 80-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 80 – солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳидро таҷлил мекунад. Ин як соли таърихӣ ва муҳим барои муносибатҳои байналмилалӣ ва низоми идоракунии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди сафири Чин, дар шароите, ки тағйироти бесобиқа бо суръат рушд меёбад, фишор ба Созмони Милали Муттаҳид ва принсипҳои бисёрҷониба меафзояд ва норасоии идоракунии ҷаҳонӣ бештар эҳсос мешавад. Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба маврид ибтикори идоракунии глобалиро пешниҳод кард. Ин ибтикор мақсад дорад ҳикмат ва роҳи ҳалли чинӣ барои таҳкими низоми идоракунии ҷаҳониро ироа кунад, ки ҳам ба талаботи замон ва ҳам ба орзуҳои мардум посухгӯ аст.
Ба таъкиди сафири Чин ибтикори мазкур ба масъалаи калидии давраи мо равон шудааст: “Кадом низоми идоракунии ҷаҳониро бояд бунёд кард ва чӣ гуна онро ислоҳу такмил бахшид?”.
“Ин ибтикор ба принсипҳои асосии оинномаи СММ такя мекунад, ки тарҳи идоракунии ҷаҳониро бо асоси “машварати муштарак, сохтмони муштарак ва истифодаи муштарак” ҳимоят менамояд ва барои ташаккули низоми одилонатару оқилонатар талош мекунад, то инсоният ба сӯи ҷомеаи сарнавишти ягона пеш равад”- навиштааст сафири Чин.
Ӯ дар мақолаи худ аз панҷ мафҳуми асосии ибтикори пешниҳодкардаи Чин ёдовар шудааст: баробарии соҳибихтиёрӣ - ҳама кишварҳо новобаста аз масоҳат, қудрат ва сатҳи рушд бояд ҳуқуқи баробар барои ширкат дар умури байналмилалӣ дошта бошанд; қонунписандии байналмилалӣ – ҳуқуқи байналмилалӣ ва қоидаҳои умумӣ бояд аз ҷониби ҳама кишварҳо таҳия, нигоҳдорӣ ва иҷро шавад; бисёрҷонибагароӣ – роҳи асосии ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ аст, на амалҳои якҷониба ва таҳдид; марказияти инсон – ҳадафи ниҳоии идоракунии ҷаҳонӣ, таъмини зиндагии беҳтар ва саршор аз шукуфоӣ барои тамоми мардуми ҷаҳон; самтгирии амал – қувваи воқеии идоракунии ҷаҳонӣ дар амал исбот мешавад.
Ба навиштаи сафир, ин панҷ қоида рӯшан месозад, ки ислоҳ ва такмили низоми идоракунии ҷаҳонӣ барои нобуд намудани тартиботи мавҷуд нест, балки барои муассиртар ва мувофиқтар кардани он бо воқеиятҳои замони муосир ва мубориза бо чолишҳои умумӣ, бахусус ба манфиати кишварҳои рӯ ба рушд аст.
“Аз “Як камарбанд – як роҳ” то ибтикорҳои глобалӣ дар бахши рушд, амният, тамаддунҳо ва идоракунӣ – Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин роҳи рӯшани ҳамкорӣ ва рушди инсониятро нишон дод. Ҳар як ибтикор ба соҳаҳои муайян нигаронида шуда, якҷо ҷаҳони нооромро бо неруи мусбат ғанӣ месозад”- менависад сафири Чин.
Ба таъкиди ӯ, имрӯз инсоният ба ҷомеаи сарнавишти ягона табдил ёфта, барои ислоҳу такмили низоми идоракунии ҷаҳонӣ ва посух ба чолишҳои умумӣ, ҳамаи кишварҳо бояд ҳамкорию муколамаи бештар дошта бошанд, то роҳҳои муштараки ҳалли мушкилотро пайдо кунанд.
“Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фавран аз ибтикори Си Ҷинпин ҳимоят карда, онро нигоҳи дурбинона ва масъулияти як роҳбари сатҳи ҷаҳонӣ арёбӣ намуданд. Ҷониби Чин ин мавқеи Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ мекунад”- навиштааст сафири Чин.
Сафири Чин таъкид мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмил додани низоми идоракунии ҷаҳонӣ нақши фаъол дорад.
Дар хотимаи матлаб сафири Чин навишааст, ки кишвараш омода аст бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамфикр идоракунии глобалиро амалӣ сохта, ояндаи рӯшани сулҳ, амният ва шукуфоӣ ва пешрафтро бо ҳам бисозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”