Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ: “Захираҳои урани ғанишудаи Эрон дар зери вайронаҳои иншооти атомӣ қарор дорад”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки захираҳои урани ғанишудаи Эрон баъди ҳамлаҳои Исроил в Амрико то ҳол дар зери вайронаҳои муассисаҳои атомии бомбабороншудаи ин кишвар қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, “ҳама маводи атомии Эрон дар зери вайронаҳои ҳамла ба муассисаҳои атомӣ қарор доранд”.
Ҳамлаҳо чанд моҳи ахир ба марказҳои атомии Эрон, аз ҷумла дар Натанз ва Исфаҳон вазъияти номаълумеро барои бахше аз захираҳои урани ғанишуда ба вуҷуд овардааст. Сарчашмаҳои ғарбӣ гузориш дода буданд, ки бахше аз муассисаҳои ғанисозишуда сахт осеб дида ва дастрасӣ ба маводҳои атомӣ дар онҳо, ки тақрибан 400 килло аст, душвор шудааст.
Агентии байналмилалии энергияи атомӣ гуфт, ки баъд аз қатъи ҳамкории Эрон дар моҳи июни соли 2025 дигар “назорати доимӣ” ба захираҳои атомии Эронро надорад.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар суҳбат бо телевизиони Эрон гуфт, ки созиши нави Эрон бо агентӣ “дар чорчӯби нави ҳамкорӣ” сурат хоҳад гирифт. Ӯ робитаи ин созишро бо масъалаи бозгашти таҳримҳо рад карда, ҳушдор дод, агар кишварҳои аврупоӣ механизми маъруф ва “снап-бек” –ро фаъол кунанд, Эрон низ ин созишро нодида хоҳад гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки гуфтугӯҳо бо кишварҳои аврупоӣ оид ба ояндаи қатъномаи 2231 идома дорад ва шартҳои се кишвари аврупоӣ барои тамдиди он аз сӯи Теҳрон қабул нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, созиши ахири Эрон ва агентӣ барои иншооти осебнадида ва бомбабороннашуда “қоидаҳои мухталиф”-ро пешбинӣ кардааст. Ӯ таъкид намуд, нигарониҳои амниятии Эрон нисбат ба ин марказҳо аз сӯи агентӣ “машруъ” дониста шудаанд ва то ҳол ягон тафтишоти мустақил сурат нагирифтааст.
“Дар ҳоли ҳозир на фақат ҳич тафтишот гузаронида нашудааст, балки ҳатто барои анҷоми он созише вуҷуд надорад. Аввал гузоришҳо ба Шурои амнияти миллӣ пешниҳод мешавад ва ин шуро қарор мекунад, ки чӣ андоза иттилоот ба агентӣ интиқол дода шавад”.
Бо вуҷуди ин дипломатҳои аврупоӣ ба расонаҳо гуфтаанд, набудани ҷадвали мушаххас барои бозгашти нозирон ва пешниҳоди гузоришҳои техникӣ ин созишро “амалан бекафолат” кардааст ва фаъол кардани механизми “моша” ҳанӯз ҳам дар рӯзнома қарор дорад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ин гуфтаи дипломатҳои ғарбӣ ҳушдор дод, “ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сурати фаъол шудани механизми снап-бек посух хоҳад дод, қатъӣ аст, вале шаклу навъи ин посух дар Шурои амнияти миллӣ муайян мешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”