Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ховалинг: Ифтитоҳи Маркази варзишии сайёҳӣ
Дар доираи сафари корӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, Маркази варзишии сайёҳӣ ба таври фосилавиро мавриди истифода қарор доданд.
Ин марказ дар деҳаи Дараи Мухтор ҷойгир буда, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд гардида, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизматрасонӣ карда метавонад.
Бунёди иншооти варзишиву сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад.
Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад