27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
12.09.2025 15:14

Дар Қазоқистон истифодаи пасандозҳои нафақавӣ барои табобати дандон қатъ мешавад

Аз 15-уми сентябр дар Қазоқистон қабули аризаҳо барои истифодаи пасандозҳои нафақавӣ бо ҳадафи пардохти хизматрасониҳои стоматологӣ қатъ мегардад.

Бар асоси иттилои расмӣ аризаҳое, ки то 15-уми сентябр пешниҳод шудаанд, тибқи тартиби муқаррарӣ баррасӣ карда мешаванд. Дар бораи санаи эҳтимолии аз сар гирифтани қабули арзизаҳо бонк дертар иттилоъ хоҳад дод.

Ин қарор баъди он гирифта шуд, ки Агентии мониторинги молиявии Қазоқистон ҳолатҳои зиёди суистифода ва нақшаҳои қалбакӣ дар истифодаи маблағҳои нафақавӣ барои хизматрасониҳои стоматологиро ошкор кард. Фақат дар соли гузашта аз ҳисоби чунин схемаҳо беш аз 200 миллиард танга аз фонди ягонаи нафақавӣ берун карда шудаанд.

Тибқи иттилои “Отбасы банк” шаҳрвандон барои табобати дандон аз пасандозҳои нафақавии худ 435, 1 миллиард танга равон кардаанд, ки 98 фоизи он ба протез ва имплантатсия рост меояд.

Дар вақти санҷиш ҳолатҳои қалбакии зиёд ошкор шудаанд, аз ҷумла:

Қабули ғайривоқеии то 70 бемор дар як рӯз аз ҷониби баъзе стоматологияҳо, пешниҳоди аризаҳо аз номи мизоҷоне, ки ҳатто ба клиника нарафтаанд, истифодаи ҳуҷҷатҳои тиббии сохта ва ташхиси абсурд.

Ҳамчунин, дар ҳисоботи бонк зикр шудааст, ки як қатор клиникаҳо бо даромади 91 миллиард танга аз ҳисоби ЕНПФ ҳамагӣ 63 миллион танга андоз пардохтаанд, ки ба 0, 07% баробар буда, нишонаи возеҳи сохтакориҳо мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.