Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои аъзои Шанхай дар бораи Афғонистон дар Душанбе гуфтугӯ карданд
Нишасти машваратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи масъалаи Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
Муҳаммад Содиқ, намояндаи хоси Ҷумҳурии Исломии Покистон дар умури Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 11-уми сентябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки дар ин нишаст оид ба зарурати ҳамгироии бештари кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба масъалаи Афғонистон гуфтугӯ шудааст.
Намояндаи хоси Покистон дар умури Афғонистон Муҳаммад Содиқ гуфт, ки дар ҳошияи ин нишаст бо Хусрав Соҳибзода, намояндаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ намудааст.
“Мо гуфтугӯи мафассал дар бораи афзоиши чолишҳои терроризм дар минтақа анҷом додем ва ба зарурати таҳияи як стратегия ва роҳбурди муштарак барои муборизаи муассир бо ин таҳдид таъкид кардем”- гуфт Муҳаммад Содиқ.
Дар бораи ҷузъиёти нишасти Душанбе иттилооти мафассал нашр нашудааст. Ҳамчунин, намояндаи Толибон низ ба нишаст даъват нашудааст. Бояд гуфт, ки қаблан Созмони ҳамкории Шанхай дар нишастҳои минтақавӣ намоядаи Толибонро даъват мекард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”