27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
12.09.2025 10:37

Балҷувон: Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, дар деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаҳои нави истеҳсоли орд, равған, афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушкро мавриди истифода қарор доданд.  

Бо оғози фаъолияти 4 корхонаи муосири саноатӣ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Корхонаҳои истеҳсолӣ дар Маҷмааи саноатии ноҳияи Балҷувон дар масоҳати зиёда 1 гектар аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо арзиши 9 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Рушди Балҷувон оғоз шуд.

Дар корхонаи мазкур бо истифода аз таҷҳизоту технологияи замонавӣ дар як шабонарӯз то 20 тонна орд истеҳсол мешавад. Дар ин ҷо гандуми маҳаллӣ ва ашёи хоми воридотӣ бо сифати баланд коркард шуда, маҳсулоти тайёр бо тамғаи Орди Балҷувон ба фурӯш бароварда мешавад.   Ҳоло дар ду хатти технологии корхонаи дигари саноатӣ равғани пахта ва офтобпараст дар зарфҳои аз 3 то 10 литра банду баст мешаванд.

Таъсиси корхонаҳои нав дар ин самт, вобастагии бозори дохилиро аз маҳсулоти воридотӣ давра ба давра коҳиш дода, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонад.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк шинос шуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи муосири саноатӣ барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Адҳами Холбобо бунёд шудааст.

Барои коркарди маҳсулот дар корхонаи мазкур ду хатти технологӣ насб шудааст, ки тавассути он дар як рӯз 1000 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот ва 15 ҳазор қуттии мураббои себ истеҳсол мешавад. Аввалин маротиба аз ноҳияи Балҷувон меваи хуш содирот мегардад.

Дар ноҳияи Балҷувон дар назар гирифтани афзоиши талабот ба афшӯраи меваю сабзавот ва меваи хушк майдони боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалзор васеъ мегарданд. 

Акнун меваю гиёҳҳои шифобахши боғу ҷангалзори ноҳия дар ин корхонаи муосир бо сифати баланду тарҳи ҷолиб коркард шуда, бо тамғаи Файзи Балҷувон ба мизоҷон пешниҳод мешавад.

Дар корхонаи навтаъсис аз меваю гиёҳҳо зиёда аз 25 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхонаҳои навтаъсис муаррифӣ шуд.

Тибқи иттилоъ дар корхонаҳои тозабунёд истеҳсоли 40 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор рақобатпазир буда, дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ ҳамзамон содирот мешавад.

Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.