27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.09.2025 10:40

Ховалинг: Ифтитоҳи осорхонаи таърихӣ ва боздид аз корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара

Дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, аз корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара дидан карданд.

Дар идомаи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Хатлон ин боздид сурат гирифт.

Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.

Осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши бориз мегузорад.

Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз  се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.

Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуданд.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.

Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки  ҳанӯз 1 миллион сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд. Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи он аст, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.