Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори президенти Қазоқистон. Коҳиши бесобиқаи сатҳи оби Хазар метавонад боиси фоҷеаи глобалӣ шавад
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар паёми солонаи худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ба буҳрони экологӣ дар баҳри Хазар бо иқдомҳои муштарак посух гӯянд. Ӯ ҳушдор дод, ки коҳиши бесобиқаи сатҳи оби Хазар метавонад аз як мушкили минтақавӣ ба як фоҷеаи глобалӣ табдил ёбад.
Президенти Қазоқистон таъкид кард, ки “пайваста кам шудани оби Хазар дигар фақат масъалаи миллӣ нест, балки чолиши умумибашарӣ мебошад”. Ба гуфтаи ӯ, панҷ кишвари соҳили Хазар – Қазоқистон, Русия, Эрон, Озарбойҷон ва Туркманистон, бояд ба барномаи байниҳукуматии ҳамоҳангҳшуда рӯ оваранд ва мушорикат фақат бо ин давлатҳо маҳдуд намонад. Кишварҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист аҳамият медиҳанд, низ бояд ҷалб шаванд.
Қосим-Жомарт Токаев ёдовар шуд, ки Қазоқистон қаблан низ дар сатҳи байналмилалӣ ба хатарҳои вобаста ба Хазар ишора намуда буд. Ӯ, ҳамчунин пешниҳод кард, ки созмони байналмилалии махсус барои ҳифзи ин ҳавза таъсис ёбад.
Дар баробари нигарониҳои минтақавӣ Президент Қосим-Жомарт Токаев ба мушкилоти дохилии кишвараш ишора намуда, гуфт, ки талафоти об дар баъзе аз шабакаҳои обёрӣ ва интиқол то ба 60 фоиз мерасад. Ин дар ҳолест, ки ҳисоббарории захираҳо бо усулҳои кӯҳна сурат мегирад. Барои бартараф кардани ин камбудиҳо ҳукумат ният дорад, платформаи рақамии ягонаи идоракунии захираҳои обро, бо истифода аз зеҳни сунъӣ роҳандозӣ кунад.
Ба гуфтаи президент ин низом ба кишвар имкон медиҳад, ки тавозуни миллӣ ва сиёсати дарозмуддати обиро ташаккул диҳад ва барои сармоягузорӣ дар соҳаи идора кардани захираҳо шароити мусоид фароҳам кунад.
Бар асоси гузориши “Central Asia Times” сатҳи баҳри Хазар аз аввали солҳои 1980 ба таври мунтазам коҳиш ёфта, то тобистони имсол ба камтар аз 29 метр аз сатҳи баҳрҳои озод расидааст ва ин нишондиҳандаи пасттарин дар тӯли таърих мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”