Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу Қатарро ба ҳамлаи дубора таҳдид кард
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар паёми тозаи худ ба Қатар ҳушдор дод, ки агар ин кишвар паноҳ додан ба террористонро идома диҳад, дубора ба он ҳамла хоҳанд кард.
Сарвазири Исроил рӯзи чоршанбе, 10-уми сентябр дар маросими ёдбуди ҳамлаҳои 11-уми сентябри Амрико гуфт, “кишварҳое, ки ба террористон паноҳ медиҳанд, бояд онҳоро ихроҷ кунанд ё ба адолат супоранд. Дар акси ҳол Исроил худ иқдом хоҳад кард”.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз қабл ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба биное дар шаҳри Давҳа зарба заданд. Ба гуфтаи мақомоти Қатар дар ин бино ҳайати музокиракунандаи Ҳамос ҷаласа баргузор мекарданд. Дар пайи ин ҳамла ҳадди аққал шаш нафар кушта шуданд.
Мақомоти Қатар дар посух ба таҳдидҳои Исроил гуфтаанд, ки ба ҳамлаи Исроил посухи қотеъи муштарак хоҳанд дод. Кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Умон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки ин амал суботи минтақаро таҳдид мекунад.
Давлати Қатар дар солҳои ахир нақши миёнарав миёни Ҳамос ва Исроилро бозӣ мекард. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки даъвати Ҳамос ба Қатар бо пешниҳоди Амрико сурат гирифта буд ва ҳамла ба қароргоҳи роҳбарони Ҳамос раванди озодии асирон ва оташбасро ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”