Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Давлаталӣ Саид ба даҳ оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ дод
Тавре ки маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар диҳад, имрӯз, 11-уми сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба даҳ оилаи ниёзманд ва бесаробон хонаи истиқоматӣ тақдим намуд.
Гуфта мешавад, ки тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба даҳ оилаи ниёзманд дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг сурат гирифтааст.
"Зимни боздид аз аввалин хона хабар расид, ки Абдулло ном бачаи ин хонадон имрӯз зодрӯз доштааст. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ин оила ва махсусан бо Абдулло суҳбати самимӣ намуда, мукофотпулӣ ба ӯ тақдим намуданд. Инчунин, ба дигар кӯдакони оила сару либос ва лавозимоти таълим тӯҳфа гардид" - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ба раиси ноҳияи Ховалинг супориш дода шудааст, ки пайваста аз вазъи зиндагии сокинони ниёзманд огоҳ гардида нисбат ба эшон ғамхорӣ зоҳир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”