Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи роҳи Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд.
Тавре дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, лоиҳаи мазкур яке аз инфрасохторҳои нақлиётии муҳим дар минтақа буда, амалӣ шудани он имкон медиҳад, ки иртиботи доимӣ ва босифати нақлиётӣ миёни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Балҷувон-Сари Хосор таъмин карда шавад. Ҳамчунин, бунёди роҳи мазкур шароити зиндагии аҳолиро беҳтар намуда, боиси имконияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақа мешавад.
“Ба Сарвари давлат иттилоъ дод шуд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор масоҳати умумии 54, 1 километр ва паҳноии 10 метрро дар бар гирифта, ба ду қитъа – Қитъаи А 30 км ва Қитъаи Б 24, 1 км ҷудо шудааст”- менависад дафтари матбуоти Президент.
Бар асоси иттилоъ, бо сабаби ҳаҷми корҳо ва мушкилоти иқлим роҳ бар асоси лоиҳа ба ду қитъа ҷудо шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ анҷом ёфта, хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст.
Бар асоси лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ, бунёди пулҳо, қубурҳои обгузар, танбадеворҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ дар назар гирифта шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид намуданд, ки бунёди босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода кардани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”