Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Парлумони Фаронса хост истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15 –сола манъ карда шавад
Кумитаи махсус дар парлумони Фаронса пешниҳод намуд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола пурра манъ карда шавад.
Бар асоси иттилои расонаҳо, ин кумита моҳи март таъсис ёфта, ҳадафи аввалини он таҳқиқи таъсири равонии шабакаи иҷтимоии TikTok ба кӯдакон ва наврасон будааст.
Ин иқдом баъди он ба миён омад, ки дар соли 2024 ҳафт оила аз TikTok ба далели нашри муҳтавое, ки фарзандонашонро ба худкӯшӣ водор кардааст, ба додгоҳ муроҷиат намуданд.
Дар гузориши ин кумита таъкид мешавад, ки манъ намудани истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад на фақат кӯдакони то 15-соларо, балки ҷавонони то 18– соларо низ фаро гирад.
Ҳукумати Фаронса ва Президенти ин кишвар Эммануэл Макрон низ аз ин иқдом пуштибонӣ кардаанд.
Шабакаи иҷтимоии TikTok дар вокуниш ба иқдоми парлумони Фаронса гуфт, ки “амнияти корбарони ҷавон” барои ин ширкат дар авлавияти аввал мебошад.
Дар соли гузашта парлумони Австралия қонунеро қабул намуд, ки бар асоси он истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”