Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Бохтар Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ шуд
Дар шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон доир гардид. Иншоот ба ифтихори 34 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, марказ дар доираи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва дар заминаи қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ бунёд шудааст.
Иншоот бо таҷҳизоти пешрафтаи ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шуда, мақсади асосии он фароҳам кардани платформа барои ҳамкории давлат, бахши хусусӣ, илм, технология ва ҷомеа аст. Марказ қарор аст ба фазои рушду пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа табдил шавад ва заминаи густариши инноватсия ва истифода аз технологияҳои зеҳни сунъиро фароҳам кунад.
Сохтори марказ ду толори асосиро дар бар мегирад:
«Инноватсия ва зеҳни сунъӣ (AI)»
«Кишоварзӣ ва содирот»
Дар ин толор бахшҳои мавзуӣ, аз ҷумла «AI дар амал», «Инноватсияҳои Хатлон», «AI ва кишоварзӣ», «AI ва таълим», инчунин, гӯшаҳои муаррифии маҳсулоти минтақа, бозорҳои фурӯш, навгониҳои соҳаи аграрӣ ва намоишгоҳи «Дастархони Хатлон» ба намоиш гузошта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”