Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бошгоҳи “Барселона” Хасбикро барои тамошои бозӣ даъват кард
Бошгоҳи маъруфи Испания “Барселона” бо мактуби расмӣ блогери доғистонӣ Хасбулло Магомедовро, ки дар шабакаҳои иҷтимоб бо тахаллуси “Хасбик” маъруф аст, ҳамчун меҳмони фахрӣ ба варзишгоҳи хонагиаш “Камп Ноу” даъват кард.
Хасбик мактуби расмии бошгоҳи испаниро дар “сториз”-и саҳифаи Инстаграмаш гузоштааст.
Бояд гуфт, ки дар “Камп Ноу”, варзишгоҳи хонагии бошгоҳи “Барселона” пас аз навсозӣ аввалин маротиба 28-уми сентябр дастаи каталонӣ бо бошгоҳи “Реал Соседад” дар доираи мусобиқаи Ла Лигаи Испания рақобат хоҳад кард ва ба ин муносибат роҳбарияти “Барселона” меҳмонони фахриро аз саросари дунё даъват мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар баробари Хасбик, Курбан Амирасланов ва Айюб Гимбатовро низ дастаи каталонӣ даъват кардааст.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар мактуби “Барселона” ду бозӣ 28-уми сентябр ва 4-уми октябр қайд шудааст ва меҳмонон ҳаққи дар ду бозӣ иштирок карданро доранд.
Ёдовар мешавем, ки Хасбик яке аз блогерони шинохтаи Доғистон буда, бо ташкилоти маъруфи UFC низ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва дар муҳорибаҳои муҳим ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”