27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.09.2025 10:22

Президенти кишвар дар Ховалинг “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро ифтитоҳ намуданд

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, имрӯз, 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карданд.

Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки иншооти таълимӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулло Ҳасанов ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Зикр мегардад, ки корҳои сохтмонӣ феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, августи соли равон анҷом ёфтааст. Бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопушида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад. Баробари ифтитоҳи Гимназияи мазкур 60 мутахассиси маҳалии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, дар муассисаи таълимӣ барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.