Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз 11-уми сентябр муҳоҷирони ғайриқонуниро зери назорат мегирад
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки аз 11-уми сентябр ҳама муҳоҷирони хориҷие, ки муҳлати иқомати қонунияшонро тамдид накардаанд, ба реестри шахсони зери назорат ворид мешаванд ва то лаҳзаи депорт бо як қатор маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки муҳлати қонунӣ кардани мақоми муҳоҷирон то 9-уми сентябр ба охир расид. Аз ин сана ба баъд муҳоҷироне, ки мақоми буду боши худро қонунӣ накардаанд, ба як қатор имкониятҳо дастрасӣ нахоҳанд дошт. Онҳо ҳақи иваз кардани ҷойи иқомат ё буду бошро бе иҷозати мақомот, ҳақи аз ҳудуди зист хориҷ шудан, ҳақи идораи воситаи нақлиёт, ҳақи харидории молу мулк ва кушодани сураҳисоби бонкиву муомилоти молиявиро нахоҳанд дошт.
Ин муҳоҷирон уҳдадор мешаванд, бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шаванд ва ҳама маҳдудиятҳои муқарраршударо риоя кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки шаҳрвандон ва ширкатҳое, ки ба иқомати ғайриқонунии муҳоҷирон кумак мекунанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар сурати ду маротиба ё бештар аз он вайрон намудани қоидаҳо муҳоҷирон метавонанд ба депортатсия дучор ё то замони ихроҷ ба муассисаҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ интиқол дода шаванд.
Аз 5-уми феврали соли 2025 дар Федератсияи Русия режими нави муҳоҷирати корӣ иҷро шуд, ки ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва маҷмуи тадбирҳои маҳдудкунандаро барои онҳо пешбинӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”