Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қосим-Жомарт Токаев ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум кард
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим –Жомарт Токаев ҳамлаи ҳавоии Исроил ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳаро маҳкум кард. Президенти Қазоқистон гуфт, ки ин иқдом мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошд ва ҳуқуқи соҳибихтиёрии давлати Қатарро зери по мегузорад.
“Новобаста ба ҳадафҳо чунин амалҳо қобили қабул нестанд. Онҳо ошкоро ҳуқуқи давлатро поймол мекунанд ва бо принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар мухолифат меистанд” – гуфт президенти Қазоқистон.
Исроил рӯзи гузашта бо истифода аз ҳавопаймоҳои пешрафтаи низомӣ ба қароргоҳи гурӯҳи Ҳамос дар пойтахти Қатар ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла 5 нафар аъзои Ҳамос, бо шумули як низомии қатарӣ кушта шуданд. Ҳадафи Исроил, ки террори роҳбарони Ҳамос буд, ноком шуд ва ҳама роҳбарони Ҳамос аз террор наҷот ёфтанд.
Бар асоси гузориши расонаҳо тақрибн 1, 5 ҳазор шаҳрвандони Қазоқистон дар Қатар кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамлаи ахири Исроил нигарониҳоро дар дохили Қазоқистон ба вуҷуд овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”