27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
10.09.2025 18:27

Эрон бо МАГАТЭ ба созиш расид. Ироқчӣ гуфт ин нишони хештандории Эрон аст

Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як нишасти хабарии муштарак бо Вазири корҳои хориҷии Миср ва Раиси Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) гуфт, Эрон бо дастёбӣ ба як созиш бо ин ниҳод барои идома ва осон кардани ҳамкориҳо масъулиятшиносӣ ва хештандории худро нишон медиҳад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, “амалиёти ғайриқонунӣ ва таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил” вазъиятро барои Эрон душвор сохтааст.

Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки ин музокира барои таҳияи як механизми нави иҷрои уҳдадориҳои Эрон дар доираи муқаррароти NPT анҷом ёфт ва ниҳоятан ба натиҷа расид. Ӯ гуфт, ки ин созиш ба таври комил бо қонуни Маҷлиси Шурои исломӣ мувофиқат дорад ва ҳам ҳифзи ҳаққи қонунии Эрон ва ҳам идомаи ҳамкории техникӣ бо Агентиро таъмин менамояд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатарро “амалиёти террористӣ ва таҷовузкорона” номид ва аз Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз “ҷинояти бештар” бар зидди Ғазза иқдом кунад.

Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки Эрон бо ҳифзи ҳаққи доштани энергияи атомии сулҳомез бо МАГАТЭ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ “гуфтугӯ ва ҳамкорӣ мекунад”. Ӯ ҳушдор дод, агар ҳар гуна иқдоми душманона бар зидди Эрон такрор шавад, қадамҳои амалии қабулшуда дигар иҷро нахоҳанд шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.